Интиқоли маблағ
Интиқоли маблағ - як роҳи қулай барои фиристодан ва гирифтани маблағ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин намуди пардохт ба Шумо имкон медиҳад, ки маблағи пулиро дар ҳар масофа, хоҳ дар дохили кишвар ва хоҳ дар хориҷ аз ҷумҳурӣ зуд ва бехатар интиқол диҳед. Хизматрасониҳои замонавӣ амалиётҳои (транзаксияҳои) фаврӣ ва харҷи камро таъмин намуда, интиқолро барои ҳама дастрас мекунад.


Юнистрим яке аз бузургтарин низомҳои интиқоли маблағ дар Русия ба шумор меравад.
Ҳангоми гирифтани интиқол, Гирандаи маблағ бояд донад:
Рамз аз 12 аломат;
Номи пурраи Интиқолдиҳандаи маблағ;
Маблағ ва асъори интиқол.

Aстрасенд - низоми пардохтии байналмилалии Русия барои интиқоли маблағҳои фаврӣ ва дастрас мебошад.
Ҳангоми гирифтани интиқол, Гирандаи маблағ бояд донад:
Рамз аз 10 аломат;
Номи пурраи Интиқолдиҳандаи маблағ;
Маблағ ва асъори интиқол.